Исломе, ки то чи андоза поку беолоиш будани онро мо мардуми тоҷикон аз ҳама беш медонему дарк менамоем, мутаасифона боз ҳам дар чанголи он гуруснаҳое, ки бо хуни мардумони бегуноҳ чашми худро сер мекунанд афтода истодаем. Маҳфуме ҳаст, ки ман низ аз рӯи хулосаҳои худ маротибаҳои зиёд иброз намудам, ки мушкилоти чавонони мо имрӯз дар он ифода гашта истодааст, ки исломро аз имон дар фарқ гузошта наметавонанд, ин бевосита пеш аз ҳама мушкилоти худи онҳо мегардад, ки ҳаёту зиндагии худро табоҳ сохта, баъдан бо ин рафтори худ дар ҷомеа доғ мегузоранд. Хусусан, ин ҷангҳои бемаънову дасисаҳои беасос дар ҳодисаҳои сиёсии Сурия ва таъсиси ДИИШ вусъат ёфта истода, ҷавонони тамоми ҷаҳонро гирди худ ҷамъ оварда истодааст, ки ин тамоюл гурӯҳҳои экстремистон ва миллатгароёнро бо таҳқиру шиканҷаи мусулмонон фаъолтар намуданд, ки ин албатта тафаккури мардумонро бетаъсир намемонад. Гуфтан ҷоиз аст, ки байни мардум таассуб мавқеи бениҳоят ҳам мустаҳкамро касб намудаасту тақлид ба урфу одатҳои дигар миллатҳо намуда, оқибат дар як гирдбоди гароне бармехӯранд, ки аз он дигар роҳи баргашт нест.

Метавонем зикр намуда бошем он нафаре ки ба озодиву ободии диёру ватани хеш бетарафӣ зоҳир менамояд ба қадри оила, ёру дӯстон ва бар зидди фарзандон намерасад, шукронаи ин сарзамини муқаддас намекунад, нонро аз нонреза тафовут мерасонад, бедорхобиҳову сарсониҳои волидайни хешро намедонад ва ҷоннисориҳои қахрамононро пушти по мезанад экстремист гуфта тавонем.

Мутаассифона, таи солҳои охир на танҳо дар дигар кишварҳо, балки дар кишвари мо низ чандин нафарон симои воқеии худро, ки дар хақиқат бадхоҳон ва экстремистони аслӣ онҳо буданд, бо вуҷуди ин ки ҳамаи он афродон сохиби вазифаҳои баландмартаба буданду соҳибмансаб, аммо боз ҳам ба ҳамаи ин неъматҳои насибкардаи Худо изҳори ношукрӣ намуда, хостанд халқро ба иғвову дасиса бархезонанд. Ҳамон халқеро, ки ҳоло ҷавон асту мустақилияташро бар ивази ҳазорҳо ҷони абармардони шуҷои миллат ба даст овардааст, ҳоло ҳама экстремисти диниро, ки бадхоҳон эътироф менамоянд, халқи мо тарафдори озодиву ваҳдат, сулҳу амният ва истиқлолият  онро пурра маҳкум менамоем ва дар муттахидии якдигар онро шикаст медиҳем, ба хотире ки он ба амнияти миллии мо бехатарии ҷиддӣ таҳдид менамояд.

Мо бояд донем, ки бобоҳову бибиҳоямон, гарчанде ки синну солашон калон буд, барои имрӯзи озодӣ солҳо ҷангиданду мубориза бурдаанд, ҳоло ҳар яки моро мебояд, ки чун гузаштагони худ ба наслҳои оянда як миллату давлати тинҷу оромро созем, то он ки онҳо низ моро ҳамчун аҷдодони тоҷвар шиносанд ва нагузоранд, ки миллат аз рушд боз монаду туъмаи дигарон шавад.

Аммо Кабирӣ ва кабири барин бедину беимонон мехоҳанд, ки бобоёни моро, ки алайҳи торикиву зулмат, бесаводиву фунтдаменталӣ мубориза мебурданд, имрӯз душмани миллат ном баранду босмачиҳои ғоратгару зинокор ва хуни мардумхӯрро қаҳрамон. Каме буд, ки Анварпошшои туркро низ қаҳрамон тарошад.

Ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Ва ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик, пойдор мондани истиқлолият  хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарози аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии сиёсати кунунии ҷумҳуриамон саҳми сазовореро гузоранд.