Дар остонаи соли нави мелодӣ паёми табрикотии Муҳиддин Кабириро хонда будем ва ба чунин хулоса ҳам омадем, ки Муҳиддин Кабириро умуман фаҳмида намешавад. Гоҳе ӯ аз дунявият сухан мекунаду  гоҳе аз Худою расул ва ишораи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода барҳақ аст, ки Кабирӣ душмани асосии солшумории мелодӣ аст ва солшумории ҳиҷриро афзалтар медонад, аммо шарм накарда ҷомеаи кишварро бо ин ҷашн табрик мекунад. Яъне ӯ то ҳадде замонасоз шудааст, ки асолату арзиши динӣ ва талаботи хоҷагони худро ба боди фаромӯшӣ задааст. Сониян ӯ воқеан ҳам вазифадор аст, ки ба ҷароҳатҳои ҳамсангарҳои худ, ки имрӯз ба доми тазвираш даромада имрӯз дар маҳкамаянд намак пошад. Ӯ худ аз адолат ҳарф мезанад, вале чаро аз пайравони худ ҳимоят намекунад, бегуноҳии онҳоро исбот намесозад. Мушоҳидаҳо нишон дода истодаанд, ки нафаре ки бо Муҳиддин Кабирӣ сарукор дошт ба балои бад гирифтор шудааст. Ҳамватанони азиз ҳар кадоми Шумо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии милли бояд барои пешравии миллатамон саҳмгузор бошед, зеро ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик, пойдор мондани истиқлолият  хоҳад шуд. Меҳнати суботкорона посух ба душманони миллати мост!