Мо, устодони факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии«Бозгашт аз ҷаҳаннам» бори дигар боварӣ ҳосил намудем, ки ҲНИ дар ҷомеаи навини кишвари мо ҷи нақше дораду, барои амалӣ гардидани «ниятҳои хубаш» ба чӣ кор қодиранд. Ин ҳизби дар кишвари мо ҳизби ифротӣ эълон шуда, дар солҳои вазнинтарини мамлакат ба ҷои беҳтар намудани фазои сиёсӣ, дастгиру мутаккаои халқ будан, пайи амалҳои ноҷавонмардона шуда, барои ноором сохтани давлати ҷавону тоза ба истиқлолият расида кӯшишҳо намудааст. Маҳз  тарғиби фарҳанги бегона, тафриқандозӣ миёни омма, гумроҳии ҷавонон буд, ки онҳо солҳои сол нақшаҳои кашидаи худро дар ҷомеа пиёда мекарданд. Фоҷеабортарин ҳодисае, ки барои паст намудани мавқеи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ин ҳизби нотавонбин анҷом дод, амали ноҷавонмардонаи як гурӯҳ хоинон, ки боиси мар ги 4 нафар ва захмӣ шудани 2 нафар сайёҳони хориҷӣ гардид. Чунин рафтор бевосита душмани халқу миллат будани гурӯҳҳои ифротиро ба намоиш гузошт. Гарчанде, ин амали нангинашонро зери парчами ДИИШ пинҳон карданӣ шуданд, вале дар айни замон аъзои фаъоли ҳизби террористии наҳзати исломӣ будани саркардаи ҷинояткорон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки наҳзатиҳо ба хотири ноором кардану ба вартаи ҷангу хунрезӣ кашидани Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ДИИШ дида хатарноктаранд. Ин хоинон ба ҳеҷ ваҷҳу ҳеҷ фитна наметавонанд миллати тоҷикро аз роҳи рушду ободонӣ ва даст ёфтан ба ҳадафҳои бузурги созандагӣ баргардонанд. Мо, устодон бо шукрона аз фазои ободу озод танҳо пешрафти кишвари азизамонро дар зеҳну шуури ҷавонон талқин намуда, эътимоди комил дорем, ки фардои ин миллатти босаодат дурахшон аст.   

Гулнора Юсупова, декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ,

Сулҳид Баҳодурова, мудири кафедраи иқтисодиёт, номзади илмҳои иқтисодӣ,

Бакаев. М, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, номзали илмҳои иқтисодӣ,

Солиев. З, номзади илмҳои филологӣ, собиқадори меҳнат