Сокинони кишвар ҳамасола яке аз ҷашнҳои арзишмандтарин – Рӯзи ваҳдати миллиро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Аз он рӯзе, ки  ба Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ имзо гузошта шуд, имсол 22 сол сипарӣ гардид. Ин рӯзи фархунда барои мо аз он ҷиҳат бисёр азизу муътабар аст, ки маҳз дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ бо ташаббусу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ ба даст омад.

Бо мақсади ошноӣ аз арзишҳои сулҳи бебозгашти тоҷикон дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти донишҷӯён бо котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ доир гардид.

Оғози чорабинӣ аз аксу наворҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ то расидан ба сулҳи деринтизор манзури бинандагон гардонида шуд.  Сипас Аъзам Ҳотамӣ дар бораи моҳияти ваҳдат ва нақши Пешвои муаззами миллат дар барқарории  кишвар ва сулҳи тоҷикон сухан карда, афзуд, ки  дар лаҳзаҳое, ки тақдири давлати миллии тоҷикон, қисмати халқ ҳал мешуд, ба арсаи сиёсат шахсе омад, ки дарди миллатро ба худ қабул намуда, рисолати вазнину наҷотбахшро бар дӯш гирифт, дар зулмоти кинаву адолат ва муборизаҳои бесарусомон  чароғи ҳамдигарбахшиву таҳаммул ва сулҳро  фурӯзон кард ва меъмори сулҳи тоҷикон эътироф гашт. Номбурда аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки  фурсатро ғанимат шуморида, барои афзун намудани донишҳояшон гарданд. Зеро давлат ва Ҳукумати кишвар ба ҷавонон ҳамчун қишри ояндасози миллат эътимоду боварии комил дорад.

Устодони донишкада номзади илмҳои педагогика Хайринисо Темурова ва сармуҳаррири нашрияи «Меҳвари дониш» Абдусабур Абдуваҳҳобов дар баромадҳои худ дар бораи раванди гуфтушунидҳо ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар баъди осоиш сухан карда, қайд намуданд, ки яке аз ҳадафҳои  давлат ва Ҳукумати кишвар миллатро ба сӯи нуру равшанӣ раҳнамун кардан аст. Ва таҳти сарпарастӣ қарор гирифтани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ»низ маҳз огаҳӣ ёфтани ҷавонон аз фарҳангу маънавиёт мебошад.

Чорабинӣ хотирмон анҷом пазируфт.