27-уми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Мардуми сарбаланди тоҷик ҳамасола ин ҷашни бузургро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҳамчун рамзи эҳёи тоҷикон ҷашн мегиранд.

Бахшида ба 22-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Ваҳдат сарчашмаи фардои неки ҷомеа» баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҷомеаи омӯзгорон ва кормандони донишкада ширкат доштанд.

Баъди кушодашавии расмӣ ва намоиши наворҳо оид ба барқарорсозии сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон сухани ифтитоҳии директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз аз ҷониби муовини директор оид ба илм ва инноватсия Ахмедов Усмонҷон ба саҳми ҳозирин расонида шуд. Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки “Мо имрӯз аз равзанаи асрии XXI ба воқеаҳои охири асри XX назар мекунему ба хуби дарк менамоем, ки якдигарфаҳмии бародаронаи тарафҳои даргир, ки санаи 27 июни соли 1997  ба даст омад, қадами таърихӣ ба сӯи ояндаи дурахшон буд. Дар паси ҳар қадами ба сӯи созиш гузошташуда ҷонбозиҳои халқ барои истиқлолу якпорчагӣ,  кӯшишу ғайрати фарзандони фарзонаи миллат, талошҳои бузурги маънавӣ ҷилвагар буд. Дар лаҳзаҳое, ки тақдири давлати миллии тоҷикон, қисмати халқ ҳал мешуд, ба арсаи сиёсат шахсе омад, ки дарди миллатро ба худ қабул намуда, рисолати вазнин наҷотбахшро бар дӯш гирифт, дар зулмоти кинаву адолат ва муборизаҳои бесарусомон  чароғи ҳамдигарбахшиву таҳаммул ва сулҳро  фурӯзон кард ва меъмори сулҳи тоҷикон эътироф гашт. Халқи Тоҷикистон бо  сарварии Президенти худ аз имтиҳони садоқат, имон ва талоши суботу оромӣ сарбаландона гузашт”.

Баъдан омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва   ҷомеашиносӣ Темирова Х.И. дар мавзӯи “Ваҳдат – меҳвари рушду нумӯи давлат” баромад намуда, ҳамаи ободию озодиро самараи Истиқлолияту Ваҳдат донист. Омӯзгори калони кафедраи  забонҳои хориҷӣ    Акбаров А.А. оид ба “Ваҳдат, эй мардум, ки вақти Ваҳдат аст!” маърӯзаи худро пешкаши ҳозирин намуд. Шеърҳои дар васфи Ваҳдат қироат намуда ва ба қалами худи устод тааллуқ дошта аз ҷониби ҳозирин хуб пазируфта шуд.

Дотсенти кафедраи таъминоти барқ ва автоматика Ҳоҷиев А.А. дар мавзӯи  “НБО – и Роғун самараи Ваҳдати миллӣ аст” суханронӣ намуд. Зимни баромади худ аз аҳамияти иқтисодиву иҷтимоии ин нерӯгоҳ сухан ронда, зикр намуд, ки ин нерӯгоҳ бо заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи мардуми қавииродаи Тоҷикистон бунёд шуда истодааст. НОБ-и Роғун барои Тоҷикистон иншооти ҳаётан муҳим маҳсуб ёфта, бо истифода аз технологияҳои беҳтарину навтарини мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда истодааст.

Омӯзгори  калони кафедраи физика ва химия Ҳофизов Ҳ.Р. оид ба “Ваҳдати миллӣ – маҳсули андешаи миллӣ” сухан ронда, баён намуд, ки дарвоқеъ ваҳдати миллӣ ин маҳсули андешаи миллии халқ буда, бо талошу ҷонбозиҳои фарзанди барӯманди он Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Омӯзгори калони кафедраи сохтмон Дадобоев А.И.  низ бо маърӯзаи худ дар мавзӯи “Ваҳдат – ҳамчун омили рушд дар сохтмон” баромад намуда, чанд нуктаро оид ба рушди сохтмон зикр намуд. Ашӯров С.А., докторанти курси 2 – юми ихтисоси 6D090100 – ташкили  ҳамлу  нақл, ҳаракат ва истифодабарии нақлиёт низ дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ – заминаи асосии рушди нақлиёти автомобилӣ” маърӯзаи худро пешниҳод намуд.

Ассистенти кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология,  Бобохӯҷаева Р.Қ. оид ба  “Фарҳанги сулҳ ва Ваҳдати миллӣ” суханронӣ намуда, мафҳумҳои “фарҳанги сулҳ” ва “Ваҳдати миллӣ”-ро шарҳ дод.

Ба устодону донишҷӯёни фаъол ва ғолибони озмуни "Лоиҳаи инноватсионӣ" дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорномаҳои Раёсати донишкада супорида шуд. Сухани хотимавии  муовини директор оид ба илм ва инноватсия Ахмедов У.Ҳ. анҷомбахши кори конференсия гардид.