Бо мақсади тақвияти таҷриба, мубодилаи афкор, вусъати ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илм, донишгоҳҳо ва бахши хусусии иқтисодиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ доир ба масъалаҳои таҳсилоти касбӣ дар шаҳри Тблисии Ҷумҳурии Гурҷистон ҷаласаи сеюми кумитаи идоракунандаи лоиҳаи “Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи Марказӣ”-и барномаи GIZ бо иштироки Вазорати маориф ва илм, донишгоҳҳо ва бахши хусусии иқтисодиёти давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон баргузор гардид.

Дар рӯзи нахустини чорабинӣ  ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки шомили ин барномаанд,  бо намояндагони барномаи GIZ “Рушди бахши хусусӣ ва таҳсилоти касбӣ дар Гурҷистон” мулоқот анҷом доданд. Гурӯҳи корӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Гурҷистон ташриф оварданд.

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Гурҷистон – Кетеван Натриашвили ва сардори Департаменти рушди таҳсилоти касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Гурҷистон – Ирина Церодзе  системаи миллии таҳсилоти касбии Гурҷистонро ба ҳайати меҳмонон муаррифӣ намуданд. Баъд вохӯрӣ бо роҳбари шуъбаи ҳамкории байналмиллалии Сафорати ҶФО дар Гурҷистон – Даниел Хаас баргузор гардид.

Дар идомаи сафар гуруҳи корӣ аз фаъолияти коллеҷи касбии “AISI”-и деҳаи Кахретии вилояти Кахетия дидан намуданд. Зимни мушоҳидаҳо директори коллеҷ – Малхаз Асламазашвили таъкид дошт, ки саҳми коллеҷ дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси хоҷагии халқи кишвари Гурҷистон калон аст. Дар  корхонаи хусусии “Schuchmann Wines” дар шаҳри Кисисхеви назария бо амалия татбиқ карда мешавад.  Фаъолияти ин боргоҳи таълимиро роҳбари корхона Роланд Бурдиашвили  ба ҳайати меҳмонон муаррифӣ намуд.

Санаи 29 июн вохӯрии гуруҳи корӣ бо намояндагони агентии Швейтсария оид ба масъалаҳои рушд ва ҳамкорӣ, Барномаи рушди СММ (ООН) ва Ассотсиатсияи фермерҳои Гурҷистон, Маркази миллии Гурҷистон оид ба баланд бардоштани сифати таълим дар конфронс-зали меҳмонхона барпо гашт. Сипас, ҷаласаи сеюми кумитаи идоракунандаи муколамаи минтақавӣ баргузор гардид, ки он то санаи 30 июн давом кард. Дар охири маҷлис қабули тавсияҳо оид ба натиҷаи ҷаласаи сеюми кумитаи идоракунандаи муколамаи минтақавӣ баргузор гардид. Баъди ба итмом расидани ҷаласа барои гуруҳи корӣ экскурсияи шаҳри Тблиси ташкил карда шуд.

Сафар хотирмон гузашт.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати гурӯҳи кории Тоҷикистон директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода шомил буданд. Донишкадаи мазкур шомили ин барнома буда, мунтазам устодони донишкада дар доираи ин барнома бо муассисаҳои олии пешрафтаи ҷаҳонӣ ҳамкории судманд доранд.