Санаи 8 январи соли 2019 дар толори шӯрои олимони донишкада маросими супоридани Ифтихорномаҳо ба донишҷӯёни фаъол баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо иштироки директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, муовинони директор ва сардорони шуъбаҳо барпо гашт. Саидӣ Дилафрӯз сараввал донишҷӯёни фаъолро бо ҷамъбаст намудани нимсолаи якуми соли хониши 2017-2018 бо баҳои аъло табрик намуда, барору комёбиҳоро таманно намуданд.

Аз ҷониби директори донишкада ба 7 нафар иштирокчиёни лоиҳаи байналмилалии Enactus, 21 нафар варзишгарон, 27 нафар донишҷӯёни аълохон, 9 нафар фаъолони чорабиниҳои ҷамъиятӣ Ифтихорнома ва либос бо рамз ва номи донишкада дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Ҳамчунин, ҳамаи фаъолон ба маҳфили зарифон, ки санаи 8 январи соли ҷорӣ дар толори донишкада баргузор гашт, таклиф карда шуданд. Донишҷӯи соли донишкада Ҷӯраев Мӯҳсинҷон, курси 2_43.01.03тв, мудири бахши кор бо ҷавонони  донишкада Масаидов Ҷамшед миннатдории тамоми донишҷӯёни фаъолро ба директори донишкада изҳор намуданд.   

Донишҷӯёни фаъолро бо ин комёбӣ табрик намуда, фатҳи қуллаҳои  баланди илму маърифатро орзумандем. Бигзор сафи чунин донишҷӯён, ки намунаи ибрат ҳастанд, афзун гардад.