Ба ифтихори хатми зинаи магистратурӣ субҳи имрӯз дар толори маҷлисгоҳи донишкада ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз номи директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ хатмкунандагонро муборакбод намуд. Зикр шуд, ки ба шарофати таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумат сол аз сол сатҳи таълиму тарбия боло рафта, пурқувват гардидани пояи моддиву техникӣ ба омодасозии кадрҳои соҳибтахассус мусоидат намуда истодааст. Магистрантони донишкада давоми ду сол тавонистанд бо истифода аз донишу маҳорати устодон донишҳояшонро тақвият бахшанд. Акнун аксари хатмкунандагонро роҳи бузурги кору фаъолият интизор аст. Аз хатмкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки робитаро бо донишкада минбаъд низ қавитар намоянд ва чун узви Ассотсиатсияи хатмкунандагон барои пешрафти минбаъдаи ин боргоҳи илму ҳунар кӯшиш варзанд.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдушукур Назаров зимни баромади хеш таъкид дошт, ки соли аввал аст, ки хатмкунандагони ихтисоси бизнес – маъмуриятчигӣ зинаи магистратураро ба итмом расониданд. Номбурда ба мутахассисони оянда барор хост.

Ба магистрантон дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи хатм супорида шуд.

Магистрантон Зӯҳро Усмонова, Нодира Домуллоҷонова Мафтуна Ғаниева, Малика Ғаффорова  ба устодон барои ранҷу заҳматҳояшон аз номи хатмкунандагон изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки бо меҳнати созандаи худ бар нафъи диёри хеш фаъолият мебаранд.

Дастагули шеъру мусиқӣ чорабиниро боз ҳам хотирмон намуд.