Санаи 28 июни соли равон дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии "Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон" ҷамъбаст гардид. Дар озмун ихтироъкорон ва навоварон аз аксари муассисаҳои илмии кишвар ширкат намуда,  дастовардҳои илмию инноватсионии  хешро муаррифӣ намуданд. 

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур кайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории ҳамасолаи озмуни мазкур он аст, ки мо бояд дастовардҳои илмиро ҳамвора дар истеҳсолот амалан татбиқ намоем. Зеро пешрафт ва нумӯи кишвар аз иқтидори истеҳсолӣ вобастагии калон дорад. Вокеан ҳам эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат дар назди роҳбарони муассисаҳои таълимии кишвар вазифаи масъулро мегузорад, то онҳо бо омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа саъй варзанд.  

 Лутфия Абдуқодирзода, роҳбари Раёсати илму маърифати  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифӣ шудани дастовардҳои илмии ихтироъкорону навоварон ибрози андеша намуд. 

Тибқи баҳогузории ҳайати доварон аз рӯйи номинатсияи “Зиёдтарин миқдори навовариҳо ва санадҳои тасдиқкунанда оид ба татбиқи онҳо дар истеҳсолот”  миёни 60 нафар олимони ҷавон Парвиз Солиев, сардори Маркази технологияи иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.  

Парвиз Солиев ҳамчун устоди ҷӯяндаву навовар аз ин қабл ҳам дар озмунҳои ихтироъкориву навоварӣ ширкати фаъолона дошта, соли 2017 беҳтарини ихтироъкори ҷавони шаҳри Хуҷанд дониста шуд.

Ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи Муҳаммад Осимӣ ин дастоварди омӯзгори ҷавони донишкадаро шарафи хуб ҳисобида, ба ӯ дар ҷодаи таҳқиқу пажӯҳиш комёбиҳо таманно доранд.