Бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи асосии  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Парчам – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат” бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ҳамкории бо Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ ва аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок доштанд.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ конфронсро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфа, иброз дошт, ки истиқболи ҷашнҳои фархунда, хусусан, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо армуғонҳои арзанда ба ҳукми анъанаи нек даромада, бо дарки баланду ифтихори ватандорӣ таҷлил карда мешавад, ки он ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва бедор намудани ҳисси ифтихор нисбати Ватан нақши муассир мебозад. Донистани таърихи парчам, эҳтироми он, арҷ гузоштан ба парчам ҳамчун рамзи худшиносиву худогоҳии миллӣ имрӯз ба рукни муҳими ватандориву ватанпарварӣ табдил ёфтааст. Дар радифи дигар муқаддасоти кишвар Парчам низ дар пойдории номи давлату миллат ва шинохти он дар арсаи ҷаҳонӣ нақши бориз дорад.

Сипас, Бахтиёр Исматҷонов табрикоти Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзодаро бахшида ба Рӯзи Парчам ба самъи ҳозирин расонид.

Муовини Раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба иштирокчиён қироат кард. Зикр гардид, ки дарвоқеъ, Парчам ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, таҷлил гардидани Рўзи Парчами давлатӣ дар қаламрави кишвар нишони садоқати имрўзиён ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаландамон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ гашта, он метавонад дар замири ҳар фарди ватандўст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дўст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд.

Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ дар мавзӯи “Парчам саодати халқ” маърӯза намуда баён дошт, ки парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Парчамдорӣ барои мардуми мо суннати нав нест. Зеро миллати тоҷик дорои фарҳанги қадимаи давлатдорӣ буда, дар гузаштаи таърих борҳо давлатҳои бузурги худро бо тамоми рукнҳояш арзи ҳастӣ бахшидаст, ки Дирафши Ковиёнӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар ин миён нақш ва мавқеи хосса дошт ва он дар ливои Президенти кишвар имрӯз ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо тасвир ёфтааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар низоми давлатдории мо дорои аҳамияти бузург аст.

Бори аввал 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд.

Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд. Дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ, Истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикоси худро ёфтаанд. Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд.

 Устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Б.Ғафуров Назира Маҳмудова дар мавзӯи “Парчам рамзи Истиқлолият ва ҳастии давлат” бо маърӯзаи пурмуҳтавои худ баромад кард. Дар рафти чорабинӣ якчанд нафар аъзоёни фаъоли ҳизб бо Медали ҷашнӣ, Сипоснома ва тӯҳфаҳои кумиҷроияи шаҳрӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Инчунин барои иншоҳои беҳтарин бахшида ба Рӯзи Конситутсия, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки байни донишҷӯёни донишгоҳҳои олии шаҳри Хуҷанд ва хонандагони муассисиҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Дар фарҷоми конфронс аз тарафи донишҷӯёни донишкада компазитсияи адабӣ – фарҳангӣ намоиш дода шуд.