Ба истиқболи рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори хурди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иштироки устодон ва шогирдони ин боргоҳи илм ва маърифат мизи мудаввар таҳти унвони “Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол” доир карда шуд.

Нахуст мутахассиси шуъбаи методӣ ва таъмини сифати донишкада, омӯзгори калони кафедраи сохтмон Умар Бобоев чорабинро ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки  дар таърихи ҳар як миллату давлат санаҳои фаромӯшношуданӣ ҳастанд, ки бо маънои томаш ҳамчун даврони хушбахтӣ ва оғози созандагиҳои бузург маҳсуб мешаванд. Барои аҳли кишвари азиз 27 – июн - Рӯзи баимзорасии Созишномаи  истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аз шумори ҳамин санаҳои муҳиму тақдирсоз мебошанд. Бисту шаш сол инҷониб ин рӯзи таърихиву сарнавиштсозро аҳли кишвар чун оғози роҳи бобарори марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон таҷлил менамояд. Сулҳу ҳамбастагие, ки бо талош ва корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон пойдор гашт ба истиқлоли давлатӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Дар баромади доктори илмҳои таърих профессор Ваҳҳоб Набиев зарурати Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, марҳилаҳои баргузории он муфассал зикр шуданд.

Устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд”, номзади илмҳои педагогӣ Абдуҳаким Шарипов ва устоди кафедраи ҷомеашиносӣ ва забонҳои давлатии ДПДТТ, номзади илмҳои педагогӣ  Хайринисо Темурова аз дастовардҳои навини даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳама соҳаҳо, ки ба шарофати пойдории сулҳу субот ба даст омад, маърӯзаи илмӣ намуданд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар котиби Шӯрои Ҳакати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ ба якчанд нафар устодони донишкада дар вазъияти тантанавӣ сипосномаи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро супорид.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт.