Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати оғози соли таҳсили 2023-2024 чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Маъруф Муҳаммадзода, мудири шуъбаи сохтмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рўзи Дониш ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Соли таҳсили 2022-2023 дар вилоят 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, 21 литсейи касбии техникӣ, 946 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 279 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли созандаву бунёдкор фаъолияти босамар доштанд.
Дар заминаи ибтикороти самарабахши ҳукумати мамлакат дар вилоят ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди маорифи миллӣ таваҷҷўҳи хоса равона карда шудааст. Маҳз дастгирии донишҷўёну хонандагон ва омўзгорони онҳо аст, ки сол аз сол теъдоди ғолибони озмуну олимпиадаҳо рӯ ба афзоиш ниҳода, хонандагон, донишҷўён, омӯзгорони пешқадаму навовари мо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ мақомҳои арзандаро ишғол менамоянд. Бо ибтикороти Пешвои муаззами миллат эълон шудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, роҳандозӣ гардидани озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва озмуни “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” марҳилаи наверо барои вусъати фаъолияти наврасону ҷавонон, устодону омўзгорони онҳо боз намуда, доираи омӯзиш ва мутолиаи тамоми қишрҳои ҷомеаро густариши тоза бахшид. Озмунҳои мазкур имкон фароҳам меоранд, ки сатҳи саводу маърифати мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон баланд бардошта шуда, дар вуҷуди онҳо эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостониии тоҷикон бештар тақвият ёбад».
Сипас Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ироа намуд.
Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрўз Саидӣ устодон ва донишҷўёнро бо фарорасии соли нави таҳсил табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки самараи таваҷҷуҳ ва имкониятҳои Давлату Ҳукумат аст, ки донишҷӯёни донишкада дар озмуну олимпиадаҳо муваффақона ширкат меварзанд. Масалан тайи ду сол аст, ки ду нафар устоди донишкада ва литсейи донишкада Бобоҷонов Ҷӯрабой ва Иброҳимҷон Муъминов соҳиби Ҷоизаи Президент дар риштаи илмҳои дақиқро соҳиб мешаванд. Бобоҷонов Ҷӯрабой бошад ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Муаллими соли 2022” гардиданд, ки ифтихори мост.
Соли хониши рафтам 6 нафар донишҷӯён донишкада дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм фурӯғи маърифат”, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе доир гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихории дуюм ва чорум гардиданд.
Меҳрангез Зоҳирова, донишҷўйи Донишкада байни 37 муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» сазовори ҷойи якум гардид.
Таъкид гардид, ки ба воя расонидани фарди ватандӯст бевосита ба таълиму тарбияи он вобастагӣ дорад. Заминаи аввалини тарбияи ватандӯстӣ, ки омили муҳимтарини таъмини пешрафти ҷумҳурӣ мебошад, омода кардани кадрҳои соҳибилму соҳибкасб аз донишҳои замона бархӯрдор ва эҷодкор ба ҳисоб меравад. Барои расидан ба орзуи худ ҳар як ҷавон пеш аз ҳама меҳнатдӯст бояд бошад, ватанашро сидқан дӯст дорад. Аз паи таълим бошад, бештар китоб хонад. Аз илмҳои замонавӣ огоҳии комил дошта бошад. Шукрона ки дар донишкадаи мо сафи чунин ҷавонони бо ору нанг хеле зиёд аст. Дар даъвати баҳорона зиёда аз 200 нафар ҷавонони донишкада ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ шомил шуданд, ки ин намуна бар дигарон аст.
Ҳисси ватандӯстӣ, ба шуғли фоидаовар даст задан моро аз хатарҳои шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаркатҳои ғайриқонунӣ боз медорад.
Сипас ҳамагон суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш, ки соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара сурат гирифт, тариқи оинаи нилгун тамошо намуданд.