Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон бо иштироки ҷомеаи устодон ва шогирдони факултети муҳандисӣ – технологӣ чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Донишкадаамро дӯст медорам” баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода аҳли нишастро бо ин санаҳои таърихӣ шодбош гуфта, зикр дошт, ки баргузории чорабинии имрӯза ёдкарде аз хизматҳои мондагори абармарди роҳи сиёсат, нафаре, ки аз марҳилаи аввали давлатсозӣ ба давлатдории тоҷикон расид – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар фосилаи таърихи беш аз 1000 солаи давлатдории тоҷикон чандин чеҳраҳои олами сиёсат ва адаб дурахшидаанд, ки номи ин миллатро бо ҳама аркон пойдору устувор ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудаанд, ки номи Эмомалӣ Раҳмон бо хатти зарин дар саҳифаи таърих навишта хоҳад шуд. Роҳнамои миллат чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.  Паёми  нахустини  мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19-  уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд. Мардуми кишварамон  суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буданд: «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам» хуб дар хотир доранд.

Устодон ва шогирдони донишкада бо шукрона аз тинҷиву амонии кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бо меҳнати аҳлона барои афзун намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саъю талош меварзанд. Роҳандозӣ гаридидани чор  ҳадафи стратегӣ барои беҳбудии рӯзгори сокинон аз ҳар яки мо тақозо дорад, ки хуб омӯзему барои пешрафти хоҷагии халқ ҳамчун мутахассисони баркамол ҳиссаи муносиб гузорем. Ба ин шароиту имконоти мусоид дар донишкада муҳайё буда, озмоишгоҳҳои замонавӣ дар хизмати устодон ва донишҷӯён қарор доранд.

Декани факултети муҳандисӣ – технологӣ Зӯҳро Умарова зимни баромад зикр дошт, ки дар 34 гурӯҳи академикии факултет  723 нафар донишҷӯён дар 18 синфхонаҳои таълимӣ, 13 озмоишгоҳи мавҷуда барои омода шудан аз рӯи ихтисосҳои                                             муҳандисони соҳаи хӯрока, кишоварзӣ, бофанагию дӯзандагӣ, экологияи саноатӣ ва ташкили хӯроки умумӣ таълим мегиранд. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърнифат”, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда истодааст, дар даври муқаддамоти донишҷӯёни факултет Муволасенов Муяссар ва Толибӣ Зулолабону  дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Мо ифтихор дорем, ки донишҷӯёни факултет Саидамини Ҳотамзод ва Алиҷон Пӯлотов гирандагони стипендия Раиси вилоят, Рухшона Рауфова гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ донишҷӯёни соли аввал соҳиби шаҳодатномаи донишҷӯӣ гардида, онҳо савганд ёд карданд, ки бо рафтори намунавӣ барои азхуд намудани донишҳояшон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар қисмати фарҳангӣ донишҷӯён ҳунари сарояндагӣ, раққосагӣ, шеърхонӣ ва шӯхтабъии худро нишон доданд.