Бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, бедор намудани шавқу завқи онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, озодона баён намудани фикр, инкишофи қобилияти эҷодӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир. Инчунин, муайян намудани донишҷӯёни лаёқатманд, бо мақсади дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталифи илм ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ соли ҳафтум аст, ки бо иқдоми  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир мегардад.

Имсол низ ин олимпиада дар сатҳи баланд доир гардида, дар он наздик ба 300 нафар ғолибони даври донишгоҳу донишкадавӣ аз рӯи 13 соҳаи илм (математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ) бо ҳам вориди рақобат шуданд.

Боиси хушнудист, ки донишҷӯёни Донишкадаи полтехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ дар ин олимпиада ширкати фаъолона доштанд. Чунончи донишҷӯён Саидиқбол Сангинов, курси 3, гурӯҳи 40.01.02.ра аз фанни иқтисодиёт, Абдуллоҷон Ахмедов, донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 43.01.03.тв аз фанни физика ба гирифтани мақоми дуюму сеюм мушарраф гардида, донишҷӯи курси 4, гурӯҳи 70.02.01.тв Шоҳбоз Худойқулов аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷои чорумро ишғол намуд.

Ба ғолибон ва ҷоизадорон диплом ва Ифтихорномаҳоро дар вазъияти тантанавӣ Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ супориданд. Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони Олимпиада имтиёз дар намуди дохил шудан ба зинаҳои магистратура ва докторантура PhD дода шуд.

Бояд гуфт, ки сири муваффақияти донишҷӯён ин пеш аз ҳама шароити хуби таҳсил, таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти донишкада бо сарварии Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ва масъулиятпешагии устодоне, ки донишҷӯёнро ба ин озмуни бонуфуз омода кардан мебошад.

Раёсати донишкада ба ҳамаи устодон ва шогирдоне, ки дар ин озмун шарафи донишкадаро ҳифз намуданд,  хосса ба ғолибон ва устодони онҳо Заррина Акрамова, Хуршед Бобоҷонов ва Тайиба Бобоева изҳори миннатдорӣ баён менамоянд.