Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз ҷумла қайд карданд, ки дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф чун пештара афзалияти аввалиндараҷа дода хоҳад шуд, зеро маҳз онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд".
Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар муассисаҳои таълимӣ бояд назорати азхудкунии донишҳо, бахусус донишҳои замонавӣ пурзӯр гардонда шавад. Ҷавонону наврасон бояд ҳар чи бештар ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ҷалб карда шаванд. Муассисаҳои таълимӣ бояд бо истифода аз воситаҳои гуногун, бахусус воситаҳои муосир дар тақвияти қобилияти эҷодии донишҷӯён саҳми худро гузоранд. Дар Паём махсусан қайд гардид, ки ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи аз пеш ҳам бештар зоҳир карда шавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.
Роҳбарияти ДПДТТ ва кафедраи математикаи олӣ ва информатика супоришҳои Роҳбари давлатро, ки бевосита аз Паём бармеоянд, сармашқи кори худ карда, дар тақвияти дониши математикии доншҷӯён пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Бо ташаббус ва ҳидояти роҳбарияти донишкада, рӯзҳои 27-29-уми январ дар вақти таътили зимистона, барои донишҷуёни хоҳишманд машваратҳои иловагӣ аз қисмҳои асосии математикаи олӣ доир гардиданд. Бояд қайд кард, ки ба ин маърака ҳамаи устодони кафедра, аз он ҷумла устодони ҳамкор низ ҷалб гардиданд. Устодон бо масъулияти баланд дар давоми ду рӯз, дар 4 баст (800 - 950, 1000 - 1150, 1200 - 1350, 1400 - 1550) дар се синфхонаи факултети информатика ва энергетика машваратҳоро доир карданд. Таҳлили пешакӣ нишон дод, ки дар машваратҳо қариб 700 нафар донишҷӯён иштирок кардаанд. Иштироки оммавии донишҷӯён аз он шаҳодат медиҳад, донишҷӯён ташнаи дониш ҳастанд ва дар тақвияти дониши математикии худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар марҳилаи ҷамъбастии машғулиятҳо устодон қайд карданд, ки донишҷӯён дар машваратҳо фаъолона иштирок карданд ва ба роҳбарияти донишкада барои ташкили ин машваратҳо изҳори миннатдорӣ карданд. Инчунин устодон иброз доштанд, ки азбаски синфхонаҳо бо шарофати идораи оқилонаи молиявии роҳбарияти донишкада бо таҷҳизоти муосири техникӣ пурра муҷаҳҳаз мебошанд, бинобар ин машваратҳо хеле самаранок гузаштанд.
Кафедраи математикаи олӣ ва информатика бо истифода аз барномаҳои муосири компютерӣ exe-файли супоришҳои тестиро, ки дар санҷишҳои ҷорӣ, фосилавӣ ва маъмурӣ мавриди истифода қарор мегиранд, барои ҳамаи қисмҳои асосии математикаи олӣ бо номи «худро бисанҷ» таҳия карданд, ки ба хамаи донишҷӯён пешниҳод хоҳанд гардид. Ин файлҳо дар истифода хеле оддӣ буда, тавассути онҳо донишҷӯён метавонанд ба имтиҳонҳои маъмурӣ мустақилона тайёрӣ бинанд. Барои истифодаи онҳо насби ягон барномаи иловагии дигар зарур набуда, интиқоли онҳо аз як компютер ба компютери дигар низ ба осонӣ амалӣ мегардад. Пас аз иҷрои тест, баҳо ва ҳисобот таҳия мегардад, ки барои таҳлили натиҷаҳои тест ба мақсад хеле мувофиқ аст.
Бояд қайд кард, ки дар машваратҳо санҷиши (апробатсия) ин файлҳо дар ҳузури 60 нафар донишҷӯ низ амалӣ карда шуд. Таҳияи ин файл-барномаҳо ва мавриди истифода қарор додани онҳо мавриди пазироии хеле гарм аз тарафи донишҷуён қарор гирифт.
Боис ба қайд аст, ки ҳангоми санҷиши файл-барнома, супоришҳои тестии навъи кушод бо як ҷавоби кӯтоҳ мавриди таҳлил қарор гирифтанд ва бо пешниҳоди донишҷӯён ба 20 саволи пешниҳодгардида ҷавобҳои тасодуфӣ ворид карда шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки ягон ҷавоби воридгардида бо ҷавоби дуруст мувофиқ наомад. Файл-барнома дар ҷавоб мувофиқан натиҷаи тестро дар шакли хеле аён, бо овардани маълумотҳои зарурӣ пешниҳод кард. Донишҷуён ба таври дақиқ ва ҷиддӣ дарк карданд, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбат бояд бо донишҳои зарурӣ мусаллаҳ бояд буд.