Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 байни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот озмуни вилоятии хониши китобҳои бадеӣ таҳти унвони «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019»  баргузор шуда истодааст. Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир ҷалби бештари кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ, баланд бардоштани маънавиёту маърифати онҳо, боло бурдани завқи худшиносию худогоҳӣ, рангин сохтани шавқи зебопарастии насли наврасу ҷавон, инчунин ҷиҳати устувор намудани робитаи хонандагон бо китобхона баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ маҳсуб меёбад.

       Тартиби баргузории озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” байни донишҷӯёни ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар асоси тартиботи баргузории озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” байни донишҷӯёни таҳсилоти олии касбӣ, ки бо қарори раиси вилояти Суғд аз 27.02.2019, № 84 тасдиқ шудааст, таҳия гардид.

Даври якуми озмун аз 1-уми март то 15 – уми май байни донишҷӯёни ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ гузаронида шуд. Ба даври дуюми озмун ғолибони даври якум иштирок карданд.        Китобдорони китобхонаҳои донишкада донишҷӯёни хоҳишмандро, ки мақсади ширкат дар озмунро доштанд, бо шартҳои озмун ва номинатсияҳои он шинос намуда, раҳнамоӣ карданд.

      Таърихи 13 июни соли равон 21 нафар донишҷӯёни ғолиби факултетҳо дар толори маҷлисгоҳи донишкада аз рӯйи номинатсияҳои хондани осори адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳон байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар оғози чорабинӣ муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов дар бораи зарурати баргузории озмуни мазкур сухан карда, баён доштанд, ки дар бораи рушди техникаву технология бояд ҷавонон бештар рӯ ба китобу китобхонӣ оранд, зеро лаззати китобхонӣ, бардошти маънавӣ аз он болотар аст аз кинофилму дигар воситаҳои ғановати маънавӣ.

Бо баҳодиҳии холисонаи ҳайати ҳакамон пирӯзӣ насиби Дониш Шарифов, донишҷӯи курси 1, ихтисоси таъмини барқ, ҷойи дуюмро Фарҳод Мамадалиев, донишҷӯи курси 1, ихтисоси сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ ва мақоми сеюмро Алишерхон Рустамов, донишҷӯи курси 1, ихтисоси хизматрасонии автомобилӣ ишғол намуданд.Ба ғолибон ифтихорномаҳои раёсати донишкада ва туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.