Бо назардошти таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии навбатии худ дар Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ аз зарурати эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бори нахуст дар ҷаласаи нахустини сатҳи баланди гурӯҳи муассисони Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардида буд, ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки ташаббуси мазкур барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мусоидат хоҳад кард. Ба андешаи коршиносони соҳа, пешниҳоди ташаббуси навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Ин ҷо намунае аз як гӯшаи саршори обҳои поку беғаш ва тозаеро аз Тоҷикистони соҳибиқбол меорем, ки он ҳам дар мисоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳсуб ёфта, ки он иқлими ба худ хосро дорост ва манбаи оби тоза мебошад. Яке аз номвартарин манобеи обӣ дар Бадахшон ин прияхи Федченко мебошад, ки калонтарин пиряхи Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфта, дар ВМКБ маскан гирифтааст. Дарозии он 77 км, паҳноиаш аз 1700 то 3100 метрро дар бар гирифта, аз нишебии шимоли қаторкӯҳҳои Язгулом ибтидо меёбад. Пирях шохаҳои зиёд дорад. Нуқтаи баландтарини пирях 4200 метр муайян шудааст. Қисми миёнаи пирях дар як шабонарӯз бо суръати 70 — 75 см ҳаракат мекунад. Аз зери пирях дарёи Селдара ҷорист. Ҷоришавии оби он дар фасли тобистон ба 300 м_3 сония мерасад. Умуман, ВМКБ дорои ҳашт пирях мебошад, ки аз онҳо дарёҳҳои тозаи мусаффо ҷорӣ мегарданд. Ин гӯшаи саршори обҳои зулол дорои 18 кӯлҳои гуногун мебошад, аммо кӯли чуқуртаринаш Сарез аст ва он яке аз кӯлҳои зеботарину бонуфузи Тоҷикистони мост. Он дар натиҷаи зилзилаи шадид (7-9 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер) пайдо шудааст. Кӯли Сарез солҳои тӯлонӣ мешавад, ки таваҷҷуҳи тадқиқотчиён, олимон, адибон ва сайёҳони одиро ба худ ҷалб намудааст. Он қариб 60 км дарозӣ дорад, умқи максималии он то ба 505 метр расида, ҳаҷми оби ҷамъшудааш 17км3-ро ташкил медиҳад. Мусаллам аст, ки Бадахшони нозанинамон дорои захираҳои зиёди обҳои тоза ва чашмаҳои шифоӣ буда, истифодаи оқилонаи онҳо аз фоида холӣ нест. Дар ҳудуди вилоят 72 манбаи обҳои гарм ва минералӣ мавҷуданд, ки на ҳамаи онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Аз 72 манбаи оби гарм ва минералӣ 13 ададашонро дар соҳаи агросаноатӣ истифода бурдан мумкин аст. Дар таъмин намудани аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва полезӣ саҳми "Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон" назаррас аст. Тӯли даҳ соли охир дар ҳудуди вилоят дар масофаи 1450 км қубурҳои обгузар васл гардиданд. Бо истифода аз таҷрибаи олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир айни ҳол дар мавзеи Ҷелондеҳ шахсони алоҳида дар шароити гармхонаҳо парвариши сабзавотро ба роҳ мондаанд ва хулласи калом ин ки Бадахшони Тоҷикистон сарчашмаи асосии оби тозаи мамлакат ба ҳисоб рафта, дар оянда интиқол додани оби тозаи он ба дигар кишварҳои ҷаҳон низ имконпазир аст.
Дар сатҳи номуайяну номушаххас ҷойгиршавии захираҳои об пеш аз ҳама ба сатҳи релеф ва омилҳои иқлимӣ сахт вобастагӣ дорад. Масалан, дар минтақаи муътадил ва экваторӣ ба як нафар 25 ҳазор М-3 оби нӯшокӣ дар як сол, вале дар минтақаи биёбону нимбиёбон, ки аз 1/3 ҳиссаи аҳолии дунё зиндагӣ мекунанд, ба як нафар ҳамагӣ 3 ҳазор М-3 об рост меояд. Ин обро ҳам аксар барои обёрии замин истифода мебаранд.Аммо иқдому рисолатҳои шоистаи садри кишвар ҷиҳати пиёда гардидани ҳамкориҳои бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меорад.
Қобили қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар шакли видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии сайёра маънидод намуда, таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо таҳдид ба бор орад. Ғайр аз ин, роҳбари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2025 "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва ҳамзамон "Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо" муайян шуда, "Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" таъсис дода шавад.
Садри олии мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 декабри соли 2010 зимни суханронй дар ҳамоиши ахири сатҳи олии САҲА таваҷҷӯҳи аҳли сайёраро ба масоили амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ, бартарафсозии монеаҳои сунъии нақлиётию транзитӣ, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии фаъол аз гармшавии иқлим, хусусан дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҷалб намуд.
Ширкати пайвастаи Тоҷикистон дар чорабиниҳои САҲА, хусусан иштирок ва суханронию масъалагузориҳои роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ин созмон
- 3 декабри соли 1994 дар Будапешт,
- 30 декабри соли 1996 дар Лиссабон,
- 18 ноябри соли 1999 дар Истанбул,
- 1 декабри соли 2010 дар Остона ва дар Форуми VIII иқтисодии САҲА
- 10 апрели соли 2000 дар Прага ба рушди ҳамкории бисёрҷанба мусоидати фаъол намуданд.
Аслан, омӯзишу таҳқиқотҳоро бобати мавзӯи обу пиряхҳо мавриди назар қарор диҳем дармеёбем, ки ҳанӯз аз замонҳои насли аввали инсон ҳам обу пиряхҳо масъалаи муҳиму рузмарра ба ҳисоб мерафтааст, чун ин ҷо як намунаеро меорем, ки одамон аз замонҳои қадим боварӣ доштанд, ки дар Уқёнуси Ҷанубӣ қитъае вуҷуд дорад, ки ҳамеша мавриду омӯзишу пажуҳиши олимони дунё қарор мегирад. Маҳз 200 сол пеш, маллоҳони Русия боз як қитъаи дигар - Антарктидаро кашф карда буданд. Аз он вақт инҷониб, он танҳо барои мақсадҳои илмӣ аз худ карда шудааст. Дар натиҷа пешгӯии обу ҳаво дақиқтар гардид, солномаи иқлимии Замин дар тӯли миллион сол барқарор карда шуд, ояндаи сайёра дар давраи гармшавии глобалӣ маълум шуд. Дар бораи кашфиётҳои муҳимтарин ва лоиҳаҳои нисбатан мувофиқ аст.
Сайёд Ашӯров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд
- Hits: 379
Имрӯзҳо тамоми кишварҳои оламро падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм фаро гирифтааст, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Ифротгароёну террористон зери ниқоби дини мубини Ислом баромад намуда, барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аз ҳар гуна воситаҳо истифода мебаранд.
Тараққӣ кардани технологияи муосир ба гурӯҳҳои ифротгаро имконият фароҳам овард, ки барои паҳн кардани ғояҳои ғайриинсонии худ аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода баранд. Баҳри зиёд намудани сафи тарафдоронашон аз ҳисоби ҷавонону ашхоси норозӣ, раҳгумзада, камбизоат, бесавод, бекор корҳои таблиғотиро пурзӯр намудаанд. Мутаассифона, мардуми бешуур ва ноогоҳ аз мақсадҳои нопоки гурӯҳҳои ифротӣ ба доми афроди тундрави беватан меафтанд. Ин тоифа, махсусан, қишри асосии ҷомеаро, ки ҷавонон ташкил медиҳанд, ба шуури онҳо таъсири манфӣ расонида, барои ба ҳадаф расонидани мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Ин хатари ҷиддист ба тамоми сайера ва аз ҷумла ба Тоҷикистони тинҷу ороми мо.
Чуноне ки сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни дигар сарони давлатҳои дунё яке аз фаъолтарин шахсияте ба ҳисоб мераванд, ки баҳри аз байн рафтани ин «вабои аср» заҳмату талошҳои беандоза дошта, яке аз муборизони пешқадам дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани амалҳои номатлуб чун терроризму экстремизм шинохта шудаанд.
Дар баробари ин, шаҳрвандон низ дар паҳлӯи Ҳукумат барои ҳифзи суботу амнияти давлат кӯшиш намуда истодаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ аст. Воқеан ҳам, бояд чунин бошад, зеро Тоҷикистон хона ва такягоҳи асосии ҳар як фарди тоҷик аст. Тоҷикистон ягона сарпаноҳ ва ҷои амне аст, ки ҳар як тоҷик метавонад, озодона фаъолият намояд. Аз ин рӯ, ҳар як фардро зарур аст, ки барои таъмини рушди устувори давлат ва таъмини суботу амнияти пойдор беш аз пеш ҳушёру зирак бошанд ва нагузоранд, ки бадхоҳе ва ё гурӯҳи ифротие ба осоиштагии давлат халал эҷод намояд.
Сайёд Ашӯров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд
- Hits: 361
Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Террористону экстремистон хоинону ватанфурӯшон ҳастанд. Онҳо муқобили калонсолону кӯдакон ва муқобили ҳамдиёрону ҳамватанони худ ҳаракат мекунанд. Барои ҳифзи марзу буми ватан, мо бояд саҳми арзандаи худро гузошта, маърифат ва гуфтаҳои аҷдодонро ба роҳ монем.
Дар ҷаҳони ҳассоси имрӯза тамоми ҷангҳои минтақавӣ ва байнисарҳадӣ ҳама бо дастгириҳои хоҷагон ва ташкилотҳои террористӣ ба амал омада, ҳазорон одамони бегуноҳ олами ҳастиро падруд гуфтанд. Барои пешгирии ингуна зуҳуротҳо мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша аз баҳри омӯзиши дақиқ нисбат ба ягон ҳодиса ва воқеаҳои гузаштаи байнисарҳадии минтақаҳои ҷаҳон ва хулосабарории комили сиёсиро дошта бошем. Дар ин замон ҳама дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару кор доранд ва маълумотҳои дуруғин дар сомонаҳои иҷтимоӣ чархак мезананд, аз ин рӯ ҷавони муосирро мебояд донишҳои комили сиёсӣ дошта бошад.
Бисёр хуб шуд, ки коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” бо далелҳои дақиқу саҳеҳ масъалаҳои марзиро баён намуданд, ки ин иқдом барои фаҳмиши сиёсии ҷомеа таъсири мусбат хоҳад расонд.
Инсоният аз давраи пайдоишаш то инҷониб ҳамеша ҳарис аст ва барои қонеъ кардани манфиатҳои худ дар замин мубориза бурда, ҳаёт мегузаронад. Инсон ҳамчун мавҷудоти биологӣ дар раванди фаъолияти зиндагии худ хусусият ва сифатҳои зиёди иҷтимоиро аз бар намуда, мавҷудияти ҷамъиятии худро таъмин карда ба шахсият табдил меёбад. Маънии «Шахсият», танҳо хусусият ва сифатҳои ҷамъиятии инсон-нутқ, шуур, одатҳои гуногун ва ғайраҳоро, ки ӯро мавҷудоти ҷамъиятӣ мегардонад, ба худ мегирад. Мафҳуми «шахсият» - ин тавсифи моҳияти ҷамъиятии инсон ва маҷмӯи сифатҳои ҳосил кардаи иҷтимоии ӯ дар ҷараёни зиндагиаш мебошад.
Дар зери мафҳуми муҳит маҷмӯи таъсирот, ҳодисоти берунаи ба одам таъсиррасонанда фаҳмида мешавад. Дар бораи муҳити табиӣ, ё ки ҷуғрофи- иҷтимоӣ ва хонагӣ гуфтан мумкин аст. Ҳар кадоме инҳо ба одам таъсироти ба худ хос доранд. Муҳити иҷтимоӣ ба ташаккули шахсият таъсироти зиёд дорад. Махсусан муҳити ҷамъиятие, ки бача дар он зиндагӣ мекунад. Муҳит инчунин гирду атрофи бевоситаи кӯдак, аҳли оила, ҳамсинфон, шароити ҳаёти ӯ хона, ҷиҳози он мебошад. Бинобар ин дар замони ҳозира мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас аз давраи кӯдакӣ то давраи оиладорӣ ба тарбия, шахсият ва муҳити ӯ аҳамияти хоса диҳем. Ба таълиму тарбия тавре роҳнамои кунем ки то ин ки онҳо барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд.
Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф шуда наметавонад, зеро ки давлатҳое ки аз дасти ин террористҳо нотинҷ ҳастанд, ба давлати мо наздик ҳастанд. Ва душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, давлати тинҷу сулҳпарварамонро вайрона созанд.
Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба фисқу фасоди хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз фисқу фасоди душманон эмин нигаҳ дорем. Ба ҳар яки наврас ва ҷавонон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, гузоштани номи нек, насли солим ва хонаи обод мебошад.
Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд
- Hits: 404
Артиши миллӣ ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад.
Артишро чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар тавсиф карда, дар он ҷо сарбозон ҳамарӯза бояд тамрини низомӣ гузаронида ва посбониву ҳушёри ва зиракии марзи кишвари азизамонро ҳифз намоянд. Ҳимояи амну амнияти мардум вазифаи артиши неруманд аст, ки аҳамияти ҳифзи марз ва ҳаёти осоиштаро ҳассостар дарк месозад.
Дар хотир бояд дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум, аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дорад.
Дар даврони соҳибистиқлоли ҷавонон бояд як нуқтаро дарк намоянд, ки хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбия, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат бармеояд, ки ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ буда, вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки Ватанамон – Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намоем ва онро азизу муқаддас шуморем.
Мутаасифона, чанд рӯз дар шабакаи иҷтимоӣ наворе пахш гардид, ки мо онро чун ҷанбаи манфии таблиғ қабул кардем. Чаро маҳз душманони миллат, дар ин шабу рӯзе, ки дар кишвар даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ идома дорад, паҳни чунин наворҳои нафратовар аз рӯи адалат нест.
Мо як чизро бояд фаромӯш накунем. Тоҷикистон дар саргаҳи соҳибистиқлолӣ аз даврони шӯравӣ ягон меросе надошт. Дар як муддати кӯтоҳ мо чанд дастовардеро соҳиб шудем. Инро бояд нодида нагирифт
Тоҳиров Тоҳирҷон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд
- Hits: 386
То имрӯз яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирии ҷинояткорӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад.
Ба созмонҳои ҷиноии ифротӣ-террористӣ шумораи афзояндаи ҷавонон шомил мешаванд. Маҳз чунин тоифаи аҳолӣ ба мисли ҷавонон яке аз гурӯҳҳои хавфнок дар робита ба шомил шудан ба чунин созмонҳои ҷиноӣ мебошад.
Кадом омилҳо ба афзоиши ифротгароӣ дар байни ҷавонон таъсир мерасонанд?
Ба эътиқоди мо омилҳои зерин ба пайдоиши зуҳуроти ифротгароӣ дар байни ҷавонон таъсир мерасонанд:
- Тағйир додани самтҳои арзиш. ...
- Шиддати иҷтимоӣ. ...
- Ҷинояткорӣ кардани ҳаёти ҷамъиятӣ. ...
- Омили динӣ. ...
- Миллатчигӣ. ...
- Муомилоти ғайриқонунии силоҳ. ...
- Истифодаи Интернет.
Чаро ҷавонон махсусан ифротгароӣ осеб мебинанд? Омилҳои ифротгароии ҷавонон аз таъсири волидайн ва дӯстони радикалӣ, инчунин ҳамсолони ҷонибдори ақидаҳои ифротгароӣ ва дигар шахсони бонуфуз аз доираи ботинии шахс, парокандашавӣ дар ҷомеа тавассути ҳолатҳои стресс ва вазъи ноустувори равонӣ, Кадом хислатҳои ҷавонон онҳоро ба гурӯҳи хатари ифротгароӣ табдил медиҳанд? Инкори созиш, радикализм ва таҳаммулнопазирӣ, максимализм, беэътиноӣ ба зиндагии худ ва омода будан ба фидокорӣ асоси ҷаҳонбинии ҷавонони ифротгаро гардида, онҳоро бераҳм ва ин категорияи иҷтимоиро ба гурӯҳи хавфнок мегардонад. Муносибат ба ташаккули ҳаёт - малака. Дар ин замина рафтори мушкилии як ҷавон акср аз нуктаи назари проблемахои функсионалӣ дида баромада мешавад ва кумак дар расидан ба синну сол ва шахсиро дар назар дорад максадҳо. Аз ин нуктаи назар давраи ибтидоии ифротгароён фаъолият метавонад кӯшиши нишон додани калонсолон бошад рафтор, яъне як шакли бегонагӣ аз падару модар, ифодаи эътирози ичтимоӣ ва даъват ба арзишҳои муҳити зист, он имкон медиҳад, ки иштирокчӣ шавад лақаби тарзи ҳаёти субмаданӣ. Бояд қайд кард, ки барои ба ифродгарӣ даст назадани ҷавонон самти тарбияро аз оила, муносибати волидайн байни худ ва фарзандон, рафтори мурабиён дар кӯдакистон, муносибати муаллимон дар макотиби миёна, устодон дар макотиби олӣ, роликҳо ва намоишҳо дар телефизион баланд ва мукаммал бояд кард. Инчунин дониши ҳуқуқии ҷавоноро сайқал додан зарур аст.
Абдушукур Абдураҳимович Назаров
профессор,
доктори илмҳои иқтисодӣ
- Hits: 381
Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қариб, ки ҳар рӯз душманону хоинони миллат ба ҳарзагӯиву дурӯғпардозӣ машғуланд.
Онҳо аз хориҷи кишвар истода, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки мардумро гумроҳ намоянд ва сафедро назди мардум сиёҳ нишон диҳанд. Пешрафту гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз, торафт беҳтару хубтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми мо душманони миллатро рӯҳафтодаву дилшикаста намудааст.
Имрӯз Ватани маҳбуби мо ба кишвари афсонави табдил ёфтааст ва туфайли пешниҳодҳои судманди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ низ соҳиби иззату икроми хоса гардидааст.
Туфайли якчанд пешниҳодҳои саривақтӣ ва аҳамияти ҷаҳонидоштаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён боз Тоҷикистон ва Сарвари оқилу фарзонаи онро хубтар шинохтанд.
Чунончӣ санаи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид якдилона пазируфта шудани ташаббуси навбатии саривақтии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва дар он эълон намудани соли 2025 - соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21 март - "Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо" бори дигар аз оқилию хирадмандии Сарвари давлатамон, обрӯву эътибори кишварамон ва созандаю бунёдкории миллати кӯҳанбунёди тоҷиқ ва тоҷикистониён дарак медиҳад.
Имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик дар атрофи Сарвари хирадманди хеш, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич муттаҳид гашта зиндагии хушу хуррам доранд.
Албатта ҳамаи ин пешравиҳову дастовардҳои назаррасро чӣ дар самти сиёсати дохилӣ ва чӣ дар самти сиёсати хориҷӣ душманони миллат чашми дидан надоранд.
Онҳо дур аз Ватан, мисли саг зиндагӣ доранду баҳри худро ширин кардан ба хоҷагони хориҷиашон доим дар паи туҳмату буҳтонанд. Лекин имрӯз мардуми тоҷик дигар фирефтаи суханҳои пучу бемаънии ин оқипадарон нахоҳанд шуд.
Имрӯз тири душманони миллат, ба монанди Кабириву Муҳаммадиқболи ношукр хок хӯрдааст ва онҳо намедонанд, чӣ кор кунанд. Душманону бадхоҳони миллати тоҷик ватангадову кафангадо гашта дар мулки бегона боқимондаи умри хешро дар хориву залилӣ паси сар хоҳанд кард.
Тоҳир Тоҳиров, устодт ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд
- Hits: 377
Дар намоиши навбатии “Минбари муҳоҷир”, ки тавассути ютубканал Муҳаммадиқболи Садриддин бинобар надоштани мавзӯи актуалӣ “ боз ба саҳнасозӣ оғоз намуд. Ӯ ба ҳайси ҳунарманди номуваффақ мехост ба дохили образ даромада аз набудани сенария бо овардани буҳтонҳо мехост дастовардҳои мардуми тоҷикро дар тӯли ин даҳсолаҳо нодида гирад. Ӯ мунсифона танҳо ба он ашхосе имкони сухан гуфтан медод, ки мақсадҳои нопоки ӯро тарафгирӣ мекунанд ва суханронии дигаронро бо ҳар ҳарфу баҳона қатъ менамуд. Яъне ҳамон фабрикаи ҷавоби худро таъсис дода, онҳоро низ пешакӣ тайёр менамояд, то ба бадномкунии давлат шурӯъ кунанд.
Бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки ин ҳама “театрбозӣ”-иро мардуми Тоҷикистон, алалхусус ҷавонон қабул надоранд. Онҳо собитқадамона сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгири мекунад ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи ин иғвову дасисаҳои шумо хоинон навхоҳад шуд.
Ба Муҳаммадиқболи беиқбол гуфтанием, ки Шумо нохалафон имрӯз дар хориҷи кишвар аз ҳисоби хоҷагони худ зиндагӣ мекунед ва танҳо аз рӯи гуфти онҳо амал мекунед. Барои Шумоён ба ҷузъ шуҳрати пул дигар манфиатҳои миллӣ арзиш надорад. Яъне ҳаёти Шумо ҳаёти паразитонааст. Шумо хоинон хеҷгоҳ пешравии Тоҷикистонро намехоҳед ва бо ин дасисаҳои номардонатон ҳар гуна барномаву наворҳоро дар шабакаҳои иҷтимои паҳн мекунед.
Мо - ҷавонон ба шумо муроҷиат карданием, ки вақти худро беҳуда барои ноором кардан сарф накунед.
Мардуми бомаърифати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба Шумо хоинон бовар нахоҳад кард.
Мо ватани худро дӯст медорем, барои тинҷиву оромӣ ва пешравии он саъю талош меварзем.
- Hits: 418
Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Афсарону сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз сафарбар месозанд. Ҳамин сипоҳиёни Ватан ҳастанд, ки мо ором мехобем ва аз ин лаззати тинҷиву оромӣ мечашем.
Таҳким бахшидан ва неруманд сохтани Артиши миллӣ аз тарбияи хуби ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ вобастагӣ дорад. Хизмати Ватан – Модар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагӣ ба шумор рафта, онҳо маҳз дар ин ҷо далеру шуҷоъ тарбия меёбанд ва ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд. Дар самти ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола тадбирҳои нав роҳандозӣ ва татбиқ мешаванд.
Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби тарбия ва обутоби бадан ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мебошад. Ҷавонони муассисаи таълимиро мебояд аз ин далерию шуҷоат дарси ибрат гиранд, чунки суботу оромии кишвар ва ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ аз ҷавонони чолоку ҳушёр вобастагии зиёд дорад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиклоли мо бо ҷавонони боору номусаш ва бо далерони шуҷоаш беш аз пеш ободтару шукуфонтар мегардад.
Маврид ба зикри хос аст, ки сафи ҷавонони ихтиёран ба Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳшаванда сол аз сол зиёд мегардад ва ин нишони баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии насли ҷавон мебошад. Ҷавонони мо дар сафҳои Артиши миллӣ сарбаландона хизмати Модар – Ватанро иҷро карда, бо матонату шуҷоати худ собит менамоянд, ки ҳифзи марзу буми аҷдодӣ қарзи фарзандии онҳост.
Имрӯз мардуми мо нафаси осуда мекашанд ва бо эътимоди комил, дилҳои пур аз умед, орзуҳои наҷиб ба сӯи фардои дурахшони хеш собитқадамона роҳ мепаймоянд. Сад шукр, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик ин ҳама пастиву баландиҳои рӯзгорро паси сар намуд ва имрӯз бо роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи ободкориву созандагист. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин ҳама тинҷиву оромӣ биресем ва шукргузор аз ин неъмат бошем
Тоҳиров Тоҳирчон, устоди ДПДТТ шаҳри Хуҷанд
- Hits: 391
Ин мисраҳо аз они шоир Ҳабиб Юсуфӣ аст. Ватан барои Ҳабиб Юсуфӣ хазинаи илҳом, макони ишқу ифтихор аст ва бо рангу бӯ ва таровати худ ба чаман шабоҳат дорад.
Ватан чӣ калимаи зебост. Баҳри ҳифзи Ватан ҳазорон нафар ҷони ширини худро қурбон кардаанд.
Ватан барои ҳар яки мо хонаи умеду орзуҳо ва бахшандаи бахту саодати халқҳо мебошад. Бинобар ҳамин, мо бояд дар замири хонанда ва шуури онҳо меҳру муҳаббат ба Ватан, ифтихори ватандӯстӣ, ишқи Ватанро парвариш намоем.
Сухомлинский мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро ба мафҳуми «Инсон» «маънои зиндагӣ», «меҳнат», «оила», «забони модарӣ», «муҳити табиат», «зебоӣ», «муҳаббат», «садоқат» алоқаманд медонад.
Инсон халқи худ ва меҳани худро шинохта, худро мешиносад, худро ҳамчун ҳиссаи халқ дарк мекунад. Муҳаббати Ватан бидуни муҳаббат ба забони модарӣ берун аз имкон аст. Муҳаббати Ватан дар замири мо зиёдтар мегардад.
Ашъори Ҳабиб Юсуфӣ ба рӯҳи замон мувофиқат карда, саршори ғояҳои ватанхоҳӣ, озодандешӣ, ҳаётдӯстӣ, ҳақиқатпарастӣ ва адолатхоҳӣ мебошад. Мирзо Турсунзода дар достони «Писари Ватан» симои падарро чун шахси ватандӯст, таҷрибадида ва соҳиби рӯҳи қавию орзую омоли наҷиб тасаввур намудааст.
Ватанро танҳо касе бо чашми ватанпарвар дида метавонад, ки бо тамоми иқтидор онро дӯст медорад, бо ранҷаш ранҷ мекашад, бо бемориаш бемор мешавад.
Дар достони «Ғалабаи Таня» Абулқосим Лоҳутӣ барои ҳифзи обу хоки Ватан мубориза бурдани тамоми халқу мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ифода мекунад. Шоир тавонистааст, ватандӯстиву ватанпарастии насли наврасро дар рӯҳи қавии ҷавонон, бахусус дар симои комсомолдухтар Зоя Космедиянская инъикос намояд. Зоя ҳамчун қаҳрамони асосии достон қаҳрамонона барои мудофиаи Ватан ҷон медиҳад. Дар симои Зоя тамоми хусусиятҳои неки инсонӣ - поквиҷдонӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, қавииродагиро хуб таҷассум кардааст.
Ба андешаи мо, наҷибтарин, муқаддастарин эҳсос барои ҳар инсон эҳсоси ватанпарастӣ аст, ки зодгоҳи аслиаш домони хонавода аст. Пас аз хонавода муаллимон ҳастанд, ки дар дили хонандагон ҳисси ватандӯстиро бедор менамоянд. Маҳз мактаб аст, ки ба ин калима маънои тоза, тафсирҳои тоза зам мекунад. Ба шогирдон меомӯзад, ки ватандӯстӣ танҳо иборат аз ҳифзи Ватан дар набардҳо нест, балки майдону арсаи ватандӯстӣ фарроху пурдоман аст. Хубу аъло таҳсил намудан, ширкати фаъол доштан дар зиндагии мактаби худ намунае аз ватандӯстиву меҳанпарастист.
Инсони ҳақиқӣ касест, ки барои хушбахтии одамон талош мекунад ва омода аст тамоми нерӯи худ, вуҷуди худро баҳри он бубахшад. Мо - омӯзгорон кӯшиш мекунем, ки шогирдон омода бошанд зиндагии худро баҳри шаъну шараф ва гулгулшукуфии Ватан бубахшанд.
Дадоҷонова Зебо,
ассистенти кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент
- Hits: 422
Инак Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллц-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалц Раҳмон рӯз то рӯз мақоми худро дар арсаҳои байналмиллал баланд мебардорад. Шукронаи Истиқлолияти давлатц, ки таи 31-соли охир миллати мо танҳо роҳи рушдро чун стратегия ба нақша гирифта аз рӯи он фаъолият мебарад. Мардумон низ дар ин фазои Истиқлолият ҳамеша дар фикри баланд бардоштани маърифати ватандориву ватандӯстц буда пайрави Пешвои миллати тоҷик ҳастанд. Албатта ҳамаи мо шукри он дорем, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол асту манзараҳои даҳшатбори солҳои 90-умро бо шарофати мустақилц хотима дод. Вагарна аз дидани он манзараҳои хунину майдонишиниҳои ҷонибҳо тамоми мардумро ба таҳлуқа оварда, ҳар нафаси кашидаамонро заҳри бадан фикр мекарданд. Аммо ҳар яки онҳо аз омадани субҳи сафо пас аз торикии шаб умеде доштанд, ки фардо вазъият хуб хоҳад шуд. Дуруст аст, ки дар он солҳо миллати мо хеле зарбаи сахти моддию маънавц дид, вале хушбахтона дар охир оташи ҷанг хомӯш гашта дар ин баробар Ваҳдату якдилии миллц дар кишвар мақоми худро касб кард.
Хушбахтона мо имрӯз Тоҷикистонро чун кишвари зебою биҳиштосо мебинем ва дар хоки он зиндагии тинҷу осударо ба сар мебарем. Бояд ба қадри озодию ба худ мустақил будан расида, кишварамонро бештар зеботару вазъияташро ҳамеша дар ҳолати сулҳу субот қарор диҳем, то ояндагон, ки фарзандони мову шумоанд, дар Ватани ободу осуда ба воя расида вориси накӯкорию фазилатҳои некц ватандӯстонаи мо бошанд. Моро мебояд, ки зарраи хоки Ватанро барои парокандагӣ иҷозат надиҳем, зеро ҳамин ҳар як давлат худи мардумонаш аст. Агар мо ба ҳамаи амалҳо ва ношоистагариҳои душманони миллатамон чашм пӯшем фардо азизони мо, ҷигарбандони мо сарсону бесаробон ва бехонаву беватан мемонанд. Биёед барои ҳимояи як порчагии ватанамон софдилона хизмати шоиста кунем.
Рустамова Ш, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд
- Hits: 398
Дар марҳалаи кунунӣ оид ба тадбирҳои муассири кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ, дар ин раванд зарурати ҳамгироии бештари ҷумҳурӣ бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, муҳимияти роҳандозии ҳамкориҳои фарогир ба роҳ монда шудааст. Вале, мутаассифона дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо дар кишвари соҳибистилоли мо гуруҳи экстремисти ва террористӣ бо номи “Наҳзати ислом” бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тулонӣ дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда ин фурсатро барои худ ғанимат шумурда чи нақшаҳое таҳия намуда буданд ба ҳамагон маълум аст. Дар шароити кунунӣ низ маҳз мавҷудият ва фаъолияти гурўҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ, амсоли ТЭТ ҲНИ аксар кишварҳои оламро бо хатарҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ намудааст. Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир дар мамолики Олмон -Дортмон ва шаҳри Варшаваи Лаҳистон масъулини ТЭТ ҲНИ, хоса М.Кабирӣ, ки домони аврупоиҳоро гирифта,бо ҳар роҳу васила мехоҳад худро шахси дунявӣ нишон диҳад. Дар иртибот ба ин,бояд қайд кард, ки баъзе аз кишвархо манфиатхои геополитикии худро пеша карда, аз стандартхои дугона истифода менамоянд. Аз чумла, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки зери каноти созмонхои ба ном байналмилалию хифзи ҳукуқ ва озодиҳои инсон, ки хадафи аслиашон танҳо химояи манофеи кишвари муассис аст, минбархои таблиғотиро дар ихтиёри террористоне чун Кабирию думравонаш мегузоранд ва онхоро маблаггузорӣ мекунанд. Аммо ин гуруххо ба хадафи нопоки худ нахоханд расид, зеро мардум ҳакикати вокеиро дарк намуд .Шахрвандони Точикистон аксар ба ҲНИ эътимод надоштанду надоранд, зеро чанги шахрванди дар кишвар, ки боиси марги даххо хазор ва машакати хазорон нафар сокинон гардида, мучиби харбии иктисодии чумхури шуд, махз бо сабаби тундравихои хизби мазкур ба амал омада буд.
Эълон шудани соли 2021 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ» низ яке аз барномаҳои созандае ба шумор меравад, ки барои пешрафту тараққӣ ва некуаҳволии мардуми шарифи кишвар нигаронида шудааст. Ҷои таассуф аст, ки дар ҷамъиятҳои осоишта шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое низ ҳастанд, ки кўшиши мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Масалан Ташкилоти террористӣ-эктремистии Ҳизби назҳати исломӣ аз кабили чунин ниҳоти диниву мазхабии тундрав, нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанўз ҳам дар барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад. Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў дар кишвари Олмон ва Лаҳистон (Польша) бо ҳаргуна баҳонаи беасос ҷамъомадҳои ифротиро баргузор намуда истодаанд. Бо ин роҳи найрангу фиреби навбатиашон кўшиш доранд, ки бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори ҳориҷӣ муҳоҷирони тоҷикистонӣ, хусусан,намояндагони табақаи зиёиро ба ин созмон ҷалб созанд. Аз ин нигоҳ ҲНИ дигар танҳо марбут ба Тоҷикистон нест, он хатар ба ҷомеаи ҷаҳонист. Имрўз фаъолияти ҲНИ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, он расман Ташкилоти террористӣ-экстремистӣ Ҳизби назҳати исломӣ дониста шудааст.
Фикр мекунем, ки мардуми босаводу боақли мо фирефтаи фиребу найранги ифротгароён намешаванд ва ба ҳар ҳарфи беҷои онон бовар намекунанд.
Сарвари давлат ҳамзамон дар ин маврид таъкид менамоянд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.
Барои ҳар яки мо сулҳу оромӣ, субот азиз аст. Мо бояд ба ин неъмати бебаҳо расида, истиқлолияти комилро ҳифзу муқаддас дорем.
Турсунқулов Ш.Р., ассистенти
кафедраи молия ва қарз
- Hits: 441