Яке аз самтҳои таркибии тарбияи миллӣ, ки дар консепсияи миллии тарбия муайян карда шудааст, тарбияи гуманистӣ мебошад.Мӯҳтавои ин мафҳумро дар шаҳрванд ба вуҷуд овардани эҳсоси дӯст доштан, эҳтиром кардан ва бо раҳму шафқат будан ташкил медиҳад. Тарбияи гуманистӣ аз ғояҳои синфият ва инсонбадбинӣ орӣ аст. Он ба шаҳрвандони кишвар имконият медиҳад, ки худро яке аз ҷузъҳои таркибии ҷомеа, миллат ва аҳли бештар  эҳсос кунанд.

Тарбияи гуманистӣ дар ду сатҳ ба амал бароварда мешавад.

А) Дар сатҳи эҳтироми ҳамсабақон, хешу табор, ҳамватанон, ки дар байни онҳо намояндагони халқу миллатҳои дигар ҳастанд:

Б) Муносибати хайрхоҳонадоштан нисбат ба халқҳои мамлатҳои дигари ҷаҳон.

Низоъ, ҷанг, муқобилияти зидди ҳамдигар ва амсоли ин инсониятро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамроҳӣ мекард ва имрӯз ҳам ин зуҳурот аз ҷумлаи мушкилоти миллӣ, минтақавӣ ва умумибашарӣ мебошад.

Тарбияи ташхиси башардустон аввал дар оила оғоз ёфта, дар муассисаҳои таълими ва ҷойҳои ҷамъиятӣ идома меёбад.

Башардӯст будани инсон ва шаҳрванд дар муносибат ва волидон, хешу табор, ҳамдарсон, омӯзгорон,ёру дӯстон, ашхоси ношинос намояндагони халқу миллатҳои ғайр зуҳур меёбад.

Гуманизм, ки аз калимаи лотинии “ҳуманис” гирифта шудааст, одамиятро мефаҳмонад.  Маънои одамият васеъ буда, маҷмӯи ғояҳо, андешаҳо ва эътиқоди шахсро ифода менамояд.

Принсипи гуманистӣ муносибати фардии пардохтро дар назар дорад, ки он гариш ба сӯи насли наврас, эҳтироми шахсияти ӯ, боварӣ ва вай, нозирони арзишҳо, талабот ва рағбати ӯ мебошад, муҳайё намудани шароити мувофиқ барои инқишофи қобилияти ӯ, рӯ овардани мактаб ба фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ арзишҳои маънавии мардумро дар назар дорад.

Гуманизм ҷузъи асосии тафаккури нави педагогӣ буда, он моҳият ва хусусияти ин равандро тағир медиҳад.

Қоидаҳои асосии омӯзгорӣ ва раванди гуманистии педагогӣ масъалаҳои зеринро дарбар мегирад:

  • Қонунҳои омӯзгорӣ: дӯст доштани тарбиягиранда,фаҳмидани ӯ, нисбат ба тарбия гиранда некбин будан;
  • Принсипҳои роҳбарии омӯзгор; барои донишҷӯ шароити мусоид фароҳам овардан, эҳтироми шахсияти ӯ, таҳаммул дар ташаккули донишҷӯ;
  • Шахсият ба омӯзгор ба имконияти донишҷӯ бовар кардан; ба муносибати гуманистии донишҷӯ имконият доштан;
  • Такягоҳи донишҷӯ: рағбат ба камолот, рағбат ба озодӣ ва накӯкорӣ.
  • Сифатҳои шахсии омӯзгор- салоҳият, меҳрубонӣ, вафодорӣ.

Дар ҳалли таълиму тарбия ду усул вуҷуд дорад:

  • Фармонфармоӣ, ки омӯзгор масъалаҳоро худаш ҳал мекунад, шогирдонро маҷбур менамояд, ки амали барои ояндааш он зарурро анҷом диҳанд;
  • Гуманизм, ки муаллим бо толибилмон ҳамкорӣ мекунад, мекӯшад, ки бачаҳоро ба ҳалли масъалаҳои педагогӣ ҷалб намояд.

Муҳимтарин вазифа аз он иборат  аст, ки толибилмон дар давраи таҳсил қадру эътибори худро донанд, ба худ, ба дониши худ, ба қобилият ва имконияти худ боварӣ дошта бошад. Ва танҳо тавасутти некӣ ба ин мақсад метавон ноил гардид.

Гуманизм ба маънои умуминизоми таърихан тағйирёбандаи ақидаҳост, ки шахсияти инсон, ҳуқуқи ӯро баҳри озодӣ, саодат, инкишоф ва зуҳуроти қобилияти вай мешиносад, хайрхоҳӣ, баробарӣ, адолат, ростиву ҳақиқат ва одамиятро меъёри муносибатҳои байни одамон мешуморад.

Гуманизм одатан ҷаҳонбинист, ки принсипи асосии он муҳаббат ба одамон, эҳтироми шарафу эътибори инсон, ғамхорӣ ба мардум мебошад; ба маънои васеъ гуманизм ру овардан ба инсон, ба эҳтиёҷоту талаботи ӯст.

Дар гуманизм майлу рағбати шахсият, одатан ва ҷомеа ба саодат ва камолот инъикос меёбад.

Гуманизм ҳамчун консепсияи назарӣ, ҳуқуқи инсон ба озодию саодат, бемонеа инкишоф ёфтан ва зоҳир сохтани қобилият ва иқтидори эҷодиро меписандад.

Гуманизм дар муносибати байни оъзои ҷамъият имкониятҳои баробар, адолати иҷтимоӣ, фарҳанги баланди муошират ва одамиятро меъёри асосӣ меҳисобад.

 

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавхаранд.
Чу узве ба дард оварад рузгор,
Дигар узвхоро намонад карор.
Ту, к-аз мехнати дигарон бегами,
Нашояд ки номат монанд одами!

Абу Мухаммад Муслих ад-Дин ибн Абд Аллах Саади Ширази (1210-1291)

Мадина Умарова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд